ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ахиран роҳбари корхонаи “Техноинвест” ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат шикоят бурдаааст, ки санаи 3-юми июли соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи мазкур, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкур шуда, аз он ҷо 33-метр ноқилҳои барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Роҳбар таъкид кардааст, ки зарари расонидашуд ба корхона 5 ҳазору 940-сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ҷавони 18-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Баҳори ҳамин шаҳр содир намудаанд.
Инчунин тибқи иттилои ВКД-и Тоҷикистон дар ин авохир боз ду ҷинояти дуздӣ ифшо шудааст.
Гуфта шудааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Бохтар марди 43-солаи зодаи ноҳияи Конибодом, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки санаи 2 ба 3-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 25 ҳазор доллари амрикои ва 3 ҳазор рубли руссиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсия муайян карданд, ки ҷинояти мазкурро марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур содир намудааст. Дар ҳоли ҳозир номбурда боздошт шудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 3-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 22 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта шудааст, ки кормандони милитсия муайян намуданд, ки ҷинояти мазкурро бародараш марди 34-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
ВКД-и Тоҷикистон таъкид доштааст, ки аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.