ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Интизор меравад, моҳи август бастаи навбатии "AstraZeneca" ба Тоҷикистон ворид шавад. Дар ин бора агентии Ховар бо такя ба маълумоти Наврӯз Ҷафаров сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бастаи навбатӣ бо кумаки Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Хазинаи кӯдакони СММ ва Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия ба Тоҷикистон оварда мешавад.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳоло саъй дорад, то ҳар чӣ бештар миқдори ваксини воридотиро афзоиш диҳад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳоло бо Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба маблағҳои грантӣ шартнома баста шудааст, ки маблағи он зиёда аз 8 миллион доллар ташкил медиҳад.
Илова бар ин, бо Бонки Осиёии Рушд низшартнома бо маблағи 25 миллион доллар баста шудааст ва зикр мегардад, ки қисми муайяни ин маблағҳо барои хариди ваксин равона мегарданд.
Гуфта мешавад, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар алайҳи бемории коронавирус ваксин гирифтанд, ки беш аз 97 ҳазорро сокинони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.
Дар Тоҷикистон феълан ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке "AstraZeneca" ва дигаре ваксини сохти чинӣ мебошад.
Қаблан вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров зимни сафари ахири худ ба Тоҷикистон ваъда дод, ки ваксини "Спутник V" ройгон ба Тоҷикистон дода мешавад.
Аммо бо гузашти беш аз 1 моҳ ҳоло ваксини сохти русӣ ба Тоҷикистон ворид нашудааст.