ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Русия Влалдимир Путин дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар бораи кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон сӯҳбат карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар сӯҳбати телефоние, ки имрӯз сарони кишварҳо анҷом доданд, мавзӯи марз ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон калидӣ буд.
"Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ шуданд", - менависад котиботи президент.
Манбаъ меафзояд, дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Русия вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба муҳокима намуданд.
Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр карда шуд.
Сарони давлатҳо зикр карданд, ки қисмати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии СААД ва Иттиҳод аҳамияти стратегӣ дорад.