ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз лаҳзаи хуруҷи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ то ҳол, расман ду ҳолати марг бар асари ин бемориро тасдиқ кардааст. Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, дар шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус сабт нагардид.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳо тайи ду ҳафтаи охир аз даргузаштҳо бар асари беморӣ бо аломатҳои коронавирус хабар доданд.
То ҳол номи ҳадди ақал 13 нафар расонаӣ шудааст, ки дар шабакаҳо фавташон ба коронавирус рабт дода мешавад, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст:
Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Домулло Абдурахмон Боқизода, сокини деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ.
Профессор Нигина Шаропова, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон.
Наргис Ҳакимова, табиб – косметолог.
Роҳат, ҳамсари шоири халқии Тоҷикистон, Саидалӣ Маъмур.
Лайлӣ Мақсудова, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии “Тоҷикстандарт”.
Раҷабалӣ Саидвализода, мақомдори Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Қобилхоҷа Қобилов, собиқ мақомдори ҳукумати Мастчоҳ.
Ҳомидҷон Устоев, майор, собиқ корманди милиса.
Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон
Фарида Мансурова, пизишки номии тоҷик, духтари академик Ҳамид Мансуров.
Фарзон Маъмур, писари шоири халқии Тоҷикистон, Саидалӣ Маъмур.
Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман ин ҳолатҳои фавтро бар асари коронавирус тасдиқ накарда, баъди хуруҷи дубораи коронавирус дар ҷумҳурӣ танҳо рӯзи 2 июл аз ду ҳолати фавт бар асари коронавирус хабар дод.
Дар маҷмуъ ба иттилои Вазорат аз аввали хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон то 3 июл 13569 нафар гирифтори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 13346 нафар ё худуди 98,4%-ашон шифо ёфтаанд. Теъдоди умумии гузаштагон бар асари коронавирус аз соли гузашта то ҳол расман 92 нафар арзёбӣ мешавад.