ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қонун "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон" имзо гузошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Ёдрас мешавем, пештар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар як ҷаласа қонуни мазкурро баррасӣ кард.
Тавре дафтари матбуоти президент менависад, қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёт, таъмини шаффофият, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ ва фаъол гардидани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ қабул шудааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо ва маблағҳои худро мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба ин дороиҳо ва маблағҳо алоқаманд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ озод карда мешаванд.
Ҳамчунин, мувофиқи ин қонун дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ва дар давлатҳои хориҷӣ ҷойгиранд, қаблан аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда, дар эъломия расман нишон дода нашуда буданд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, қонунӣ гардонида мешавад.
Қонун барои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд.
Шарҳи пурраи қонуни авф дар матбуот нашр мешавад.