ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Инна Святенко, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати иҷтимоӣ, сенатор аз Маскав гуфт, ки дар як рӯз тақрибан 700 муҳоҷири меҳнатӣ аз коронавирус эм мешаванд.
Ин маълумот дар бораи он муҳоҷирони меҳнатие рабт дорад, ки барои эмгузаронӣ ба маркази савдои "Садовод" -и Маскав меоянд.
"Ин яке аз маъруфтарин маркази тиҷоратӣ барои шаҳрвандони хориҷи наздик аст", - гуфт Святенко.
Бояд қайд кард, ки маъракаи эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатӣ ҳафтаи гузашта оғоз ёфта буд. Яке аз ду нуқтае, ки муҳоҷирон дар он метавонанд эм шаванд ин бозори “Садовод” аст.
Инчунин, нуқтаи эмгузаронӣ дар Маркази ягонаи муҳоҷиратии Сахарово низ кушода шудаааст. Ҳар як шахс имкон дорад бо ваксинаи "Sputnik Light" эм шавад.
Арзиши ваксина 1300 рублро ташкил медиҳад, ин ҳам дар ҳолест, ки пули ваксинаро бояд корфармо пардохт намояд. Баъд аз эмшавӣ ба муҳоҷири меҳнатӣ шаҳодатнома медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки бо дастури Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ваксинагирии пулакӣ барои ҳама шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ дастрас аст.