Оғози маъракаи имтиҳонсупорӣ дар Тоҷикистон - видео

Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои дохилшавандагони соли таҳсили 2021 оғоз гардид
Sputnik
Маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ аз 1 март то 30 апрели соли равон шумораи номнависшудагон 103429 нафарро ташкил медиҳад.
Аз шумораи зикргардида 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо –дар заминаи 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.
Имтиҳонсупорӣ дар замони коронавирус: ММТ санаи эълони хол ва балҳоро гуфт
Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталаб бояд бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист: шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, даъватнома, 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ ниқоби тиббӣ.
Ҳамчунин овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст: ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ, телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).
Раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш карда мешавад.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо то 20 июли соли равон муайян карда мешавад.