ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фурудгоҳи Багромро ба нерӯҳои амнияти миллӣ ва артиши Афғонистон супурд. Дар ин бора шабакаи телевизионии TOLOnews дар истинод ба вазорати дифои Амрико хабар додааст.
Артиши Амрико аз фурудгоҳи Багром, ки дар 60 километрии Кобул ҷойгир аст, беш аз 20 сол истифода намуданд.
Ахиран Вазири дифоъи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ зимни як гуфтугӯи телефонӣ ҳамтои амрикоиаш Ллойд Остин ҳамкориҳои стратегӣ ва низомии ду кишварро баррасӣ кард, хабар медиҳад маркази матбуотии вазорати дифоъи Афғонистон.
"Вазири мудофиаи Амико аз нақши фаъол ва намоёни артиши Афғонистонро дар мубориза бо терроризм, қайд кард. ИМА ҷонибдори ҳамкории дарозмуддат бо нерӯҳои мудофиа ва амниятии Афғонистон мебошанд", - гуфта мешавад дар изҳороти вазорати дифоъ.
Дар навбати худ Муҳаммадӣ ба Иёлоти Муттаҳида барои ҳамкории доимӣ бо мардум ва ҳукумати Афғонистон дар самти маблағгузорӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва омӯзиши нерӯҳои дифоъӣ ва амниятӣ, алахусус дар маблағгузорӣ ва афзоиши шумораи ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ташаккур гуфт.
Иёлоти Муттаҳида аз 1 май ба хуруҷи нерӯҳоро аз хоки Афғонистон шурӯъ карданд ва нерӯҳои Амрико бояд то 11 сентябр комилан аз ин кишвар хориҷ шавад.