ВУХ Русия: Маскав вазъи Афғонистонро фоҷиавӣ намедонад

Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Маскав ҳамлаи "Толибон"*- ро дар Афғонистон таҳрик намедиҳад, гуфт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.
"Дар маҷмӯъ, мо моил нестем, ки муқовимати мусаллаҳонаи байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон" - ро, ки барои ин давра анъанавӣ аст, фоҷиа бигӯем. Мо боварӣ дорем, ки дар поёни мавсими ба истилоҳ - ҷангӣ, вазъи низомӣ дар кишвар нисбатан мӯътадил хоҳад шуд ва ҷонибҳо на бо сухан балки бо амал барои муколамаи созандаи сулҳомез омода хоҳанд шуд", - гуфт Захарова дар нишасти матбуотӣ.
Толибон “зодгоҳ”-и сулҳи тоҷиконро забт карданд
Қаблан, намояндаи махсуси Президенти Русия, директори департаменти Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов ба РИА Новости гуфта буд, ки хулоса баровардан дар бораи забти қисми зиёди Афғонистон аз ҷониби "Толибон" ҳанӯз барвақт аст.
Толибон шимоли Афғонистонро ғасбу Осиёи Миёнаро "оташ мезананд"?
"Толибон" бисёр шаҳрҳоро дар ихтиёр доранд, аммо марказҳои вилоятҳоро назорат намекунанд, гарчанде ки мушкилот боқӣ мондааст ва аксаран низомиёни афғон худ минтақаҳоро ба "Толибон" супурда ақибнишинӣ мекунанд.
Тайи як моҳи ахир "Толибон" 13 вулусволии вилояти Тахорро забт карданд. Се вулусволии дигар – Фархор, Варсач ва Калафгон, ҳамчунин шаҳри Толиқон – маркази вилоят ҳанӯз дар ихтиёри ҳукумати Афғонистон аст.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия