Карзай: маъмурияти бист солаи НАТО дар Афғонистон ба як шикасти низомӣ табдил шуд

Раисҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, Иёлати Муттаҳида, ки барои мубориза бо ифротгарои ва эҷоди субит ба Афғонистон омада буд, баъд аз тақрибан 20 сол дар расидан ба ҳар ду ҳадафаш шикаст хурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Таймс” изҳор доштааст, ки маъмурияти НАТО ва Амрико дар Афғонистон ба як шикасти низомӣ табдил шудааст, зеро ифротгароӣ ва терроризм решакан карда нашудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Кишвар дар даргирӣ қарор дорад, мардуми Афғонистон дарди зиёдро мекашанд. Чӣ гуна муборизаи НАТО ва ИМА дар Афғонистон мунҷар ба ин шуд? Касоне, ки 20 сол пеш барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ба ин ҷо омада буданд, на танҳо натавонистанд онро шикаст диҳанд, балки шукуфоӣ шуд. Ман инро як шикасти низоми меномам", - гуфт Карзай.
Вай хотирнишон кард, ки НАТО ва нерӯҳои амрикоӣ бояд “нақши пойдор” дар вазъияти кишвар медоштанд, на инки ба рустоҳо болои мардум, манозили мардум бомборон кунанд ва хонаводаҳоро бикушанд.
Карзай: Русия метвонад нақши муҳим дар таъмини сулҳи Афғонистон ифо кунад
"Мо бо унвони афғон ҳама шикасти худро медонем, аммо нерӯҳо ва қудратҳои бузург, ки ба манзури мубориза бо ифротгароӣ омаданд чӣ? Акнун онҳо моро куҷо тарк мекунанд? Дар камоли расвоӣ ва фоҷеъа”, - илова кард Карзай.
Вай афзуд, ки бидуни онҳо вазъи Афғнистон беҳтар мебуд. Ман фикр мекунам, ки мо бояд аз кишвари худ дифоъ кунем ва ба зиндагии худ назар андозем. Мо намехоҳем бо бадбахтӣ дучор шавем. Ин барои Афғонистон беҳтар аст, ки онҳо бираванд.
Пентагон чанде пеш ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ҳатман маънои хатми амалиёти НАТО дар Афғонистонро надорад, новобаста аз қарори НАТО дар бораи коҳиши нерӯҳояш, ки дар моҳи апрел гирифта шуд.
Президенти Амрико ваъда дода буд, ки қабл аз 11-уми сентябр нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ мекунад.
Ҳамзамон, як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико ба CNN гуфт, ки тақрибан 1000 сарбози амрикоӣ пас аз хуруҷи расмӣ дар Кобул ва фурудгоҳи шаҳр боқӣ монда, ба амнияти сафорати ИМА кӯмак хоҳад кард.