ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак ахиран дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти шаҳр Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баргузор гардид.
Гуфта шудааст, ки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аъзои ситод, фаъолони шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор намуд, ки дар ҳудуди шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.
Ҳамзамон, бо пешниҳоди Ситоди шаҳрӣ ба беморхонаи марказӣ барои дастрас намудани сару либоси тиббӣ ва маводҳои доруворӣ ба мақомоти иҷроияи шаҳр дастур дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.