ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи милии Афғонистон, ахиран дар шашумин нишасти ин кумита дар Қасри раисҷумҳур зимни суханронии худ таъкид кард, ки ниёз ба эҷоди иҷмои сиёсӣ нисбат ба ҳар замон дигаре бештар эҳсос мешавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба ба TOLOnews.
Вай гуфт, касоне, ки аз ном ва қурбониҳои мардум ба ҷойгоҳ расидаанд акнун бояд барои наҷоти низом бо ҳам басиҷ шаванд: "яквақти мо то охирин ҳад муқовимат мекунем. То охирин ҳаде, ки қонун ва шароити Афғонистон иҷоза медиҳад, он ҳам ҳаққи мост".
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи милии Афғонистон дар бахши дигари суханронии худ гуфт, ки ҷумҳурият ҳанӯз ҳам сулҳ авлавият медиҳад ва ба ҳамин хотир ҳайати музокиракунандаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Дуҳа қарор дорад.
"Гурӯҳи тамос ҳамин ҳоло ҳам дар тамос аст. Масъалаи миёнаравӣ Қатар ва Созмони Милали Муттаҳид матраҳ аст, ки агар битавонанд сабаби тасреи гуфтугӯҳо шаванд, аммо ҳайати мо ҳеҷ навъ ибрози кутоҳи барои ин ки сулҳ мехоҳанд анҷом надодааст", - гуфт Абдуллоҳ Абдуллоҳ.
Ҳарчанд дар нишасти имрӯзаи Шӯрои мусолеҳа дар Қасри раисҷумҳур бисёриҳо аз чеҳраҳои асаргузори сиёсӣ ҳузур доштанд, аммо Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон дар он дида намешуд.