ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Оҷонсӣ, дар қочоқи дору шаҳрванд Яқубов Бахтовар, ки қаблан низ бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо мақсади ба даст овардани фоида, тавассути автомашинаи шахсии худ тамғаи "Toyota Fielder", тариқи қочоқ 34 номгӯи маводҳои дорувориро ба Душанбе ворид кардааст.
Гуфта мешавад, мутобиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти воридкардашуда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пайдоиш, ворид (рухсатномаи якдаъфаина) ва тасдиқкунандаи ширкатҳои истеҳсолкунандро надорад.
Манбаъ мегӯяд, дар асоси хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши маводҳои дорувории мазкур, маблағи 162799 сомониро ташкил медиҳад.
Таъкид шудааст, ки ин миқдори зиёди дору, бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳони аз назорати гумрукӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Оҷонсӣ мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Яқубов Б.В. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.