ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Дар як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзи гузашта бештар аст.
Дирӯз, Вазорати тандурустӣ аз бемор шудани 18 нафар хабар дода буд.
Ҳамин тавр, теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ба 21 нафар расид.
Аз аввали ҳамагирии сирояти коронавирус то кунун дар кишвар 13 499 нафар гирифтори ин вабои аср шудааст.
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмӣ, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар медищад изҳор доштааст, ки пас аз авҷи дигарбораи беморӣ дар Тоҷикистон, ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин, давоми 24 соат 31 нафар бемориро ба хубӣ паси сар карда, шифо ёфтааст.
Теъдоди умумии шифоёфтагон аз аввали қайди COVID - 19 дар кишвар то кунун ба 13 302 кас баробар шуд.
Ёдовар мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.