Мулоқоти Раҳмон бо Глазенберг: иқтидори “ТАЛКО”- ро то 1 миллион тонна расониданиянд

Эмомалӣ Раҳмон бо Айван Глазенберг афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва то як миллион тонна расонидани онро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенбергро дидору мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури кишвар, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсария, баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардидааст, ки дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шарикии самараноки ширкати “Гленкор” бо “ТАЛКО” дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкориҳо мебошад.
Фиристодаи Фаронса бо таъмири Талко шинос шуд
Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ду ширкат танҳо дар 5 соли охир беш аз як миллиард долларро ташкил дод, афзудааст манбаъ
Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои азнавсозии технологии Ширкати Алюминийи Тоҷик, коркарди пурраи алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” то як миллион тонна, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ имконияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву тсинки Тоҷикистон ва сармоягузории ширкати “Гленкор” ҷиҳати бунёди корхонаи металлургӣ, баррасӣ гардид.