Чин: Амрико бузургтарин вайронкори назми ҷаҳонист

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида бузургтарин омили нооромиҳо дар низоми ҷаҳон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Sputnik Афғонистон ба нақл аз "Форс", сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэн Бин гуфтааст, ки ИМА бузургтарин омили вайрон кардани тартиботи байналмилалӣ мебошад. Ӯ ин нуктаро дар нишасти хабарие дар Пекин изҳор доштааст.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт: "Чин, ҷонибдори сулҳи ҷаҳонӣ, як кишвари нақшофар дар пешрафти рушди ҷаҳонӣ ва аз мудофеони назми байналмилалист. Тавсиаи Чин бояд ба нерӯҳои ҳомии сулҳи ҷаҳонӣ илова шавад".
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин дар бораи тартиботи ҷаҳонӣ чанд нуктаро марбуд ба нақши ИМА-ро дар низоми ҷаҳон баён кард.

"Иёлоти Муттаҳида бузургтарин вайронкунандаи тартиботи ҷаҳонӣ аст. Иёлоти Муттаҳида ихтиёран аз созмонҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ хориҷ шуд ва таҳримҳои ғайриқонунии якҷониба ва маҷбуркунии низомиро ба дигар кишварҳо ҷорӣ кард. Ин иқдомоти Амрико ба сулҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ латамоти ҷиддӣ расонданд ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳанҷорҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ асосёфта мебошанд".

Ба гуфтаи Ван Вэн Бин низоми бар қоидаҳои ҷаҳонӣ асосёфта, ки Иёлоти Муттаҳида даъвои онро дорад, дар асл ин як низоми гегемонист, ки дар он ҷаҳон бартарияти Иёлоти Муттаҳида аст. Аксарияти кулли кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла муттаҳидони ИМА, бо чунин фармон розӣ нестанд. Танҳо шумораи ками кишварҳо чунин сиёсатро дастгирӣ мекунанд ва талаб мекунанд.
Номбурда гуфт, дар ҷаҳон танҳо як назм вуҷуд дорад, ки он низоми байналмилалии муттаҳидшудаи СММ аст.
"Танҳо як маҷмӯи қонунҳо мавҷуданд, ки ин меъёрҳои асосии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ дар асоси Оинномаи СММ мебошанд", - таъкид кард ӯ.
"Тартиби байналмилалӣ набояд фармони гегемония бошад, ки онро ИМА ҳукмронӣ мекунад ва ҳуқуқи байналмилалӣ набояд аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ё гурӯҳи хурди кишварҳои таҳти раҳбарии ИМА эҷод карда шавад", - гуфт Ван Вэн Бин.
Захарова: Байден фош кард, чӣ қадар аз Русияву Чин метарсад
Ёдовар мешавем, ки танишҳо байни Иёлоти Муттаҳида ва Чин пас аз ба эътидол омадани муносибатҳои ду кишвар дар соли 1979 ба сатҳи баландтарин расиданд.
Шиддат гирифтани танишҳо миёни ин кишварҳо пас аз он сар зад, ки маъмурияти президенти собиқи ИМА Доналд Трамп боҷи гумрукӣ ба молҳои чиниро ҷорӣ кард, ки ин ду кишварро ба ҷанги тиҷоратӣ кашонд. Илова бар ин, бо паҳн шудани вируси корона дар саросари ҷаҳон, Трамп иддао кард, ки Чин гунаҳкори асосӣ аст.
Чанде пеш як оҷонсӣ таҳти сарпарастии Конгресс ва ҳукумати ИМА дар гузорише дар бораи густариши ҳамкориҳои Пекин ва Теҳрон алайҳи манфиатҳои Вашингтон изҳори нигаронӣ кардаву ҳушдор додааст.