Марз кушода шаваду ҷанг нашавад: вокуниши корбарон ба суҳбати 7 -соатаи Раҳмону Ҷабборов

Натиҷаи музокироти тӯлонии президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вокуниши зиёде ба бор вард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Корбарони шабакаҳои ичтимоӣ дидору мулоқоти президентҳои ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборовро фаъолона баррасӣ доранд.
Ин, ки суҳбати ду кишвардор ба дарозо кашид ва беш аз 7 соат давом кард, кораброни шабакаҳои иҷтимоиро ба ҳайрат овард. Мардум ҳадс мезананд, ки шояд пушти дарҳои баста, масъалаҳои бузурге баррасӣ ва мушкилоти зиёде ҳал шуд.
Аксари мардум ба марзкушоӣ умед бастанд.
Бахтиёр Шарипов ном корбари Facebook навиштааст, ки "ин чанд соат барои Ҷабборов дарси такмили ихтисос мешавад ва иншоаллоҳ ҳамсояи беҳтарин мешаваду марзҳоро мекушояд".
Раҳмон гуфт, 32 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шуд
Корбаре бо номи Саидбек Дилшод суол гузоштааст, ки оё пас аз чунин суҳбати тӯлонӣ "ягон кори хайре баҳри замину оби Тоҷикистон мешуда бошад?"
Баха Салом ва Азизбек Раҳмонзода бошанд, дуо кардаанд, ки бигзор ду халқ ҳамеша дӯст бимонанд. Онҳо аз ҳамвандони худ бо мисраҳои шеърӣ аз Ҳофизи Шерозӣ даъват кардаанд, ки ҳамеша хостори сулҳу амонӣ бошанд:
"Бародарон биёед дуо кунем, ки ин сафар пурфайзу бобаракат бошаду ин кашмакашиҳо аз байн раванд".
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад!
Муҳибҷон ном корбар низ тарафдори сулҳ аст. Ӯ мегӯяд, мехоҳад дигар дар марз таниш ва хунрезӣ нашавад.
"Мо мехоҳем ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Тоҷикистон якдигарфаҳмӣ шавад, дигар хун нарезад".
Абдулазиз бошад мегӯяд, "осоиш бар ивази замин ба мо лозим нест".
"Мо 30 сол мешавад, ки танҳо осоишро талабгорем, боз чиро интизор шавем", - навиштааст ӯ.
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Ворух”: 47 соли ҳаводис аз “А” то “Я”
Ёдовар мешавем, ки дар паи музокироти сатҳи олӣ президентҳои ду кишвар чор санади нави ҳамкорӣ имзо карданд, ки ба таъминоти нафақа, соҳаи хизмати давлатӣ, сиёсати ҷавонон ва фарҳанг дахл доранд.
Раҳмон гуфт, 32 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шуд
Мавзӯъи рӯз - яъне аломатгузории марз низ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "имрӯз боз 32 километри дигар мувофиқа шуданд".
Вале, интизории мардум аз кушодашавии марзҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон бароварда нашуд.
Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон марзҳояшро рӯзи 21 май барои шаҳравндони Тоҷикисон баст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Ҷабборов Раҳмонро ба Қирғизистон даъват кард
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.