Дар навбати худ, раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов аз пазироӣ ва даъвати Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ изҳори сипос карда, ба масъалаи марз дахл кард.
Ӯ гуфт, аз рухдодҳои рӯзи 28 апрел мутаассиф аст ва ҷанг дар марз набояд дигарбора такрор шавад, чун тоҷику қирғиз ду халқи бародар ҳаст.
"Мехостам таъкид кунам, ки ҳарду ҷониб набояд ба такрори бархӯрдҳои мусаллаҳона роҳ диҳанд. Халқҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аз замонҳои қадим халқи бародар буданд, қирғизҳо ва тоҷикон ҳамеша муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстонаро нигоҳ медоранд”, - таъкид дошт ӯ.
Президент Содир Ҷабборов изҳори итминон кардааст, ки бо талошҳои муштарак ҷонибҳо роҳҳои ҳалли мушкилоти марзиро пайдо хоҳанд кард.
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба сафари расмии Содир Ҷабборов ба кишвар аҳамияти ҷиддӣ дода, ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо манфиатдор аст.
Навори суҳбати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Тоҷикистон Содир Ҷабборовро хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон нашр кард.