Боздиди намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон

Намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Эҷоди равобити тиҷорӣ дар минтақа ва интиқоли таҷриба аз аҳдофи ин боздид будааст, иттилоъ додааст дафтари Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин сафар 17 нафар аз намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дузандагӣ, донишгоҳи фаннии нассоҷӣ, Иттиҳодияи коргарии вазорати саноати Тоҷикистон ҳузур доранд
Интизор меравад, намояндагони ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон равобити тиҷории ҷадиде бо ҳамтоёни ӯзбеки худ барқарор карда ва бозори маводи аввалия ва фазои хӯрдафурӯшии маҳсулоти худро баррасӣ кунанд.
Баҳси рушди дузандагию нассоҷӣ дар Тоҷикистон: 7,8 миллион ҷӯроб истеҳсол шудааст
Онҳо ҳамчунин дар мавриди масоилу сиёсатҳои саноатӣ ва молӣ дар Ӯзбекистон, монанди молиёт ва авориз, равишҳои содироту воридот, дастрасӣ ба манобеи молӣ ва ҳимояти давлат аз ин бахш табодули назар хоҳанд кард.
Ҳайати Тоҷикистон бо боздид аз ширкатҳои ӯзбекистонӣ, бо фанноварӣ ва фарояндҳои тавлиди ин ширкатҳо ҳам ошно мешаванд.
Пешбинӣ мешавад, ки дар ин боздид намояндагони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо муассисаи муҳандисӣ ва фанноварии Намангони Ӯзбекистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кунанд.
Намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон то 3 июл дар Ӯзбекистон ҳастанд.