ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар пешорӯи мавҷи чоруми бемории коронавирус қарор дорад.
Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ сардухтури санитарии Алмаато Жандарбек Бекшин хабар дод ва афзудааст, ки шумораи ҳолатҳои нави "делта" ба 46 нафар расидааст.
Ба гуфтаи ӯ, пойтахти ҷанубӣ дар арафаи мавҷи чорум аст.
"Бояд иқрор намоем, ки дар арафаи мавҷи чоруми коронавирус қарор дорем. Мо навакак аз мавҷи сеюм баромадем, ки онро штамми алфа бритониёии сирояти коронавирус ба вуҷуд овардааст. Ҳоло мо дар арафаи мавҷи чорум ҳастем, ки аз шиддати делтаи Ҳиндустон ба амал меояд. Мо маҷбур шудем чораҳои шадиди маҳдудкуниро қабул кунем", - тавзеҳ дод сардухтур.
Дар ҳамин ҳол, аз аввали сол дар Алмаато 55101 ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки моҳи июн 3 889 ҳолатро дарбар мегирад.
Гуфта мешавад, давоми ҳафтаи ахир бемории коронавирус 1,7 маротиба афзудааст.
Бинобар авҷ гирифтани коронавирус дар ин ин шаҳр, Жандарбек аз тамоми аҳолӣ даъват намуд, ки чораҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо ниқобу дастпӯш иҷозати гашту гузор дода шавад.