ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Афғонистон - низомиён ва ғайринизомӣ чанд рӯзи охир кӯшиш карданд ба қаламрави Ӯзбекистон ақибнишинӣ кунанд. Ҳамаи онҳо ба ватанашон бозгардонида шуданд.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов хабар дод.
"Маълум аст, ки 23 июн бори аввал 53 шаҳрвандон ва низомиёни Афғонистон кӯшиши шикасти марзи Ӯзбекистонро карданд. Пасон то имрӯз боз чанд бори дигар талошҳо дида шуданд, охирин бор рӯзи шанбе буд", - гуфт Асадов рӯзи душанбе дар брифинг.
Сухангӯи кишвардори Ӯзбекистон хабар дод, ки ҳамаи ашхосе, ки ба минтақаи Ӯзбекистон ворид шуданд, тибқи қонунгузории миллӣ ва қоидаҳои байналмилалӣ ба Афғонистон бозгардонида шуданд.
"Дар ин росто, дахлнопазирии марзи Ӯзбекистон набояд ба ҳеҷ ваҷҳ зери шубҳа гузошта шавад", - афзуд ӯ.
"Вақтҳои охир авзои шимоли Афғонистон дар ҳоли тағйир аст. Ин наметавонад ҳамсояҳо - Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро нигарон накунад", - қайд кард Асадов.
Вай ёдовар шуд, ки президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар як гуфтугӯи телефонӣ ҳафтаи гузашта ба зарурати идомаи ҳамоҳангсозии талошҳо ва муколамаи наздик барои таъмини амният ва субот дар минтақа таъкид карданд.
Ёдрас мешавем, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон, субҳи 27-уми июн аз ҳамлаи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"* ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон хабар дод.
Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибон" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия