Тақдими хонаҳо ба осебдидаҳо аз офати табиӣ дар ноҳияи Ҷомӣ - акс

Мақомоти Хатлон мегӯянд, дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба се оилаи зарардида аз офатҳои табиӣ хонаҳои навбунёд супорида шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Заробиддин Файзуллозода, ноиби раиси Хатлон дар рӯзи таҷлили 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ба се оилаи аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти "Ифтихор" калиди хонаҳоро супорид.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, хонаҳое, ки дар маросими тантанавӣ супорида шуданд, дорои шароити мусоиди зист, асбоби рӯзгор, ҷевону ҷиҳози маишӣ буда, дар муддати кутоҳтарин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Тақдими хонаҳои навбунёд ба оилаҳои осебдида аз офати табиӣ дар ноҳияи Абдуроҳмони Ҷомӣ аз сӯи масъулини ҳукумати Хатлон
Таъкид шудааст, ки сохтмони манзилҳои зисти дигар идома дошта, рӯзҳои наздик ба анҷом мерасанд.
Бино ба иттилои Абдухолиқ Мусозода, муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯзҳо сохтмончиён ба омода ва муҷаҳҳазсозии дохили хонаҳои истиқоматӣ машғул буда, дар рӯзҳои наздик манзилҳои боқимонда пурра ба итмом расонида мешавад.
Тақдими хонаҳои навбунёд ба оилаҳои осебдида аз офати табиӣ дар ноҳияи Абдуроҳмони Ҷомӣ аз сӯи масъулини ҳукумати Хатлон
Ӯ таъкид кард, ки амалан бунёди хонаҳо баъди дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ аз нимаи моҳи май оғоз гардида, тайи муддати як моҳ маҳаллаи навбунёд сохта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки нимаи аввали моҳи май Тоҷикистонро боришоти шадид фаро гирифт, ки дар натиҷа даҳҳо хона хароб гардиданд.