КДАМ Тоҷикистон аз ҳамлаи "Толибон" ба постгоҳи марзӣ гуфт: "вазъ мураккаб"

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҳамлаи "Толибон"* ба гузаргоҳи сарҳадии Чукчук ва ақибнишинии гуруҳи низомиёни афғон ба Тоҷикистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Мақомоти марзбонии КДАМ мегӯянд, субҳи 27-уми июни соли 2021 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"* ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд.
"Дар натиҷаи ин задухӯрд, ки то соати 12:50 идома ёфт, 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд", - омадааст дар изҳороти мақомоти марзбонӣ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозат доданд.
“Устод Ато миёнашро баст”: аввалин натиҷаҳо ва мушкилоти амалиёташ алайҳи Толибон дар Балх
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.
Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибонк" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия