Дар чаҳор сол ба Эрон беш аз ду ҳазор донишманд баргаштааст

Мақомоти Эрон эълон кардааст, ки дар чаҳор соли ахир беш аз ду ҳазор донишмандоне, ки қаблан кишварро тарк карда буданд, дубора ба кишварашон баргаштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Сурно Сатторӣ, муовини илмӣ ва фанноварии раёсати ҷумҳӯрии Эрон аз бозгашти беш аз 2 ҳазор донишманди эронӣ ба кишварашон хабар дод, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Муовини илмӣ ва фанноварии раёсати ҷумҳӯрии Эрон гуфт, ки 2 ҳазору 500 донишманд аз 100 донишгоҳи хориҷӣ дар 4 соли гузашта ба кишвар бозгаштаанд, ки умдаи онҳо дар паркҳои фанноварӣ машғул шудаанд.
Сурно Сатторӣ дар маросими имзои қарордоди сохти шаҳраки фанноварӣ дар шаҳрҳои нави Пардис ва Паранд, бо баёни инки парки фанноварии Пардис бузургтарин парки илму фанноварии минтақа аст, афзуд, ки 13 ҳазор миллиард тумон сармоягузории бахши хусусӣ дар паркҳои фанноварӣ анҷом шудааст.
Донишмандони эронӣ дар тавлиди ваксинаи коронавирус пешрафт карданд
Ба гуфта Сурно Сатторӣ вижагии муҳими парки фанноварии Пардис ин аст, ки саноъати олоянда дар Пардис надорем ва ин ҳамон иқтисоди донишбунён аст, ки олудагӣ надоштаву таърифи наве аз саноъатро, ки олудагӣ надорад, ироа кардааст.