Раҳоии занони мардикори тоҷик дар Қирғизистон: сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов будаанд

Дар пайи гуфтушуниди мақомоти марзбонии тоҷику қирғиз ҳудуди 14 зани боздоштшуда аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар Қирғизистон кори кироя ё ба истилоҳ мардикорӣ мекардаанд, раҳо шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Манобеи наздик ба ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, таъйид намуданд, ки занон кироякор баъди чанд дақиқаи боздошт аллакай раҳо шудаанд.
“Дар пайи гуфтушуниди мақомоти сарҳадбонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак, дирӯз баъди ҳамагӣ 10 дақиқаи боздошт ин гурӯҳи занон озод карда шудаанд”, - гуфт манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ҷ. Расулов.
Манбаъ афзуд, ин гурӯҳи занон аз 14 нафар иборат буда, сокинони маҳаллаҳои Тоҷикобод ва Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд, машғули кори саҳро бехабар сарҳадро убур кардаанд.
“Нисбати ҳеҷ яке аз онҳо протоколи ҷаримавӣ тартиб дода нашудааст. Ҳоло ҳамаи онҳо, дар хонаҳояшон қарор доранд. Вазъи марз ором аст”, - гуфт манбаъ.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш аз 54 километр марз дорад.
Зуҳри 24 июн хабаргузориҳои Қирғизистон дар бораи боздошти як гурӯҳ занон - шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аснои кор дар заминҳо марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Боздошти занони мардикори тоҷик дар бордони мошин аз сӯи дружиначиёни қирғиз - видео
Хабаргузории 24 kg бо нашри як видое навишт, ки ин занон гӯё дар заминҳои ҷамоати Қулундуи ноҳияи Бодканд ба кори кироя дар заминҳо машғул шудаанд.
“Мо онҳоро дар заминҳои деҳаи Оқ-Ариқ боздошт кардем. Онҳоро шаҳрванди Қирғизистон бо мошини худ “Портер” овардааст”, - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрел, марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон сар аз 24 май ба ин тараф баста аст.