Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳуриро эълон карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзҳои гузашта бештар аст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз ба 21 нафар расида, дар умум ба 13392 нафар баробар шудааст.
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмие, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар он хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Муҳандисе, ки нерӯгоҳи Норакро сохт, аз коронавирус даргузашт
Ҳамчунин 14 нафар пас аз табобат шифо ёфтаанд.
Ин дар ҳолест, ки 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолат, 23 ва 24 июн - 18 ҳолатӣ гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда буд.
Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.