ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ҳавошиносони тоҷик аз гармои шадид ҳушдор медиҳанд. Ҳавои Тоҷикистон аз 25 то 30 июн тафсон шуда, боиси афзоиши нурҳои ултрабунафш ва селхезӣ мегардад.
Дар кишвар, рӯзҳои 25 ва 26 июн ҳаво тафсон шуда, боиси афзоиши нурҳои ултрабунафш мегардад ва аз соати 12:00 то 15:00 таркиби нурҳо ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзҳои 27 ва 30 июни соли равон дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Чунин ҳарорат натанҳо дар ВМКБ, балки дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шимолии НТҶ, вилояти Хатлон, вилояти Суғд низ пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 27 ва 28 июн низ чунин вазъият боқӣ мемонад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳавои гарм ва нурҳои ултабунафш ба касалиҳои пӯст, чашм, фишорбаландӣ, диабети қанд ва нафастангӣ (астма) таъсири манфӣ дорад.
Аз ин рӯ, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ҳангоми нисфирӯзӣ аз гаштугузори беҳуда дар фазои кушод худдорӣ намоянд.