Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Душанбе ваксиназании ҳамаи афроди аз 18-сола боло оғоз шуд

Ҳамаи афроди аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе бар зидди коронавирус ваксина зада мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳадафи ваксиназанӣ пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии коронавирус мебошад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ваксинатсия миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло 24 июн дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.
"Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Муҳандисе, ки нерӯгоҳи Норакро сохт, аз коронавирус даргузашт
Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ зимни як ҷасалааш рӯзи 23 июн сохторҳои тандурустии шаҳрро вазифадор кард, ки маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳрро бар зидди COVID-19 пурзӯр намуда, барои таъминоти беморхонаҳо бо дору тадбирҳои муассир андешанд.
Ёдрас мешавем, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ, рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дубораи COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ теъдоди гирифторони ин вабои аср дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст.
Ҳамин тавр, давоми чаҳор рӯз дар Тоҷикистон 63 нафар гирифтори вируси корона шудааст.