ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Парвиз Муҳаммадзода дар конфронси байналмилалии "Бист соли Созмони Ҳамкории Шанхай: хотираҳо ва дурнамо", ки рӯзҳои 24-25 июн дар режими онлайнӣ сурат мегирад, мавзӯи афзоиши нуфузи "Толибон"* (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистонро ба миён гузошт.
Муҳаммадзода ба таҳдидҳои созмонҳои террористии воқеъ дар шимолу шарқ ва шимолу ғарби Афғонистон таваҷҷӯҳ кард.
Вай изҳор дошт, ки ҳарчи зудтар механизми вокуниши бисёрҷонибаро таҳия намуда, инчунин баррасии ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе зарур аст.
24 июни 2021, 18:44
Муовини раиси Марказ инчунин аз Созмони Ҳамкориҳои Шанхай даъват кард, ки мониторинг ва таҳлили муштараки рушди эҳтимолии вазъ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро анҷом диҳанд.
Ғайр аз ин, Муҳаммадзода як қатор идеяҳои дигарро пешниҳод кард, аз ҷумла таҳияи имкони ҷорӣ намудани механизми вокуниши сареъ ба мушкилоти дохилии сиёсии байни кишварҳои узви СҲШ.
Ёдовар мешавем, ки тайи ду ҳафтаи гузашта вазъ дар шимоли Афғонистон муташанниҷ гашта, аксар навоҳӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон зери назорати "Толибон"* (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) гузаштааст.
Як мақоми баландпояи амрикоӣ бар он назар аст, пас аз шаш моҳи рафтани нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон ҳукумати Ғанӣ суқут хоҳад кард.
*созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон