Сарбозони афғон, ки аз дасти Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд, ба ватан баргаштанд

Феълан марзи Тоҷикистону Афғонистон баста аст ва рафту омад қатъиян маҳдудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. 134 сарбозе, ки ахиран бар асари задухӯрди шадид бо Толибон маҷбури фирор ба Тоҷикистон шуданд, дубора ба ватани худ баргаштанд. Аз боз пас рафтани низомиёни Афғонистон ба ватан сомонаи Фараж хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ду сарбози афғон, ки аз тири Толибон захмӣ шуда буданд ва дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷайҳун бистарӣ шуданд, низ шифо ёфтанд ва ҳамроҳи низомиёни дигар ба Афғонистон баргаштанд.
Коршинос гуфт, давлати Афғонистон баъд аз чанд моҳ пас аз хуруҷи Амрико суқут хоҳад кард
Манбаъ аз қавли Аҳёев Муҳаммадӣ сардухтурои ин беморхона менависад, ки пас аз иттифоқ афтодани ин кор онҳо гурӯҳи ёрии таъҷилиро ба кӯмаки низомиёни захмишуда фиристонданд ва сипас онҳоро ба бемористон интиқол доданд.
"Вазъи саломатияшон, ки хуб шуд, онҳоро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супоридем", - афзудааст Аҳёев.
Маврид ба зикр аст, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон муваққатан баста аст ва рафту омад манъ аст.
Ёдовар мешавем. ки рӯзи 21 июн тақрибан соати 19:00 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон" ба Комиссариатм сарҳадии "Шерхон - Бандар" -и вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла намуданд.
Задухӯрди мусаллаҳона миёни Толибон ва низомиёни афғон то соати 09:00 - и рӯзи 22 июн идома кард, ки дар натиҷа 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии Афғонистон тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС "Панҷ" сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд.
Нигаронии Раҳмон ва Мирзиёев аз вазъи ноамни марзи Афғонистон: президентҳо чӣ гуфтанд?
Зимнан, КДАМ Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса изҳорот дод, ки сарҳадбонони тоҷик маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд.
Дар миёни ҳарбиёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 4 маҷрӯҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дошт.
Гузашта аз ин, мақомоти Афғонистон эълон намуданд, ки теъдоди куштшудаву асирафтода ва ҳамчунин маҷрӯҳгардида ба 100 нафар баробар шуд.