ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Дар Конфронси байналмилалии амниятӣ дар Маскав, дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон дахл кард.
"Таназзули вазъ дар Афғонистон, ки бо хуруҷи контингентҳои низомии ИМА ва НАТО ба амал меояд, ба афзоиши фаъолияти террористӣ мусоидат хоҳад кард", - гуфт котиби Шӯрои Амният.
Патрушев афзуд, замоне, ки сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон буданд, истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишвар 40 маротиба афзуд ва ин ба террористон имкон медиҳад, ки заминаи тавонои захиравӣ дошта бошанд.
"Тахмин мезанем, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ваъдаҳои изҳоркардаи худро дар бораи расонидани кумаки молиявӣ ба ҳукумати Афғонистон, дастгирии нерӯҳои амнияти миллӣ, таъмини фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Кобул ва ҳалли дигар мушкилҳоро, риоя хоҳанд кард", - гуфт котиби Русия Шӯрои амният.
Патрушев афзуд, ки Русия истифодаи вазъи Афғонистонро барои афзоиши нуфузи кишваре дар Осиёи Марказӣ, ғайри қобили қабул медонад.
Ба гуфти Патрушев, Русия ҷонибдори оғози муколамаи мустақими байниафғонӣ бо кумаки шарикони байналмилалӣ мебошад.