ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Рӯзномаи Tht Wall Street Journal дар истинод ба мутахассисони иттилоотии ИМА хабар дод, ки ҳукумати Афғонистон тащти роҳбарии Ашраф Ғанӣ метавонад дар давоми шаш моҳ пас аз хуруҷи пурраи нерӯҳои амрикоӣ сарнагун карда шавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз мақомот гуфтанд, ки давлати Афғонистон мумкин аст дар зарфи се моҳ пас аз итмоми ақибнишинии артиши Амрико аз Афғонистон суқут кунад.
Рӯзнома ёдовар мешавад, ки дар таҳлили қаблӣ гуфта шуда буд, ки давлати Афғонистон метавонад ду сол пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА давом кунад.
Иёлоти Муттаҳида зиёда аз нисфи сарбозҳояшро тақрибан 3500 нафар ва таҷҳизоти худро аз хоки Афғонистон хориҷ кардааст. Қисми боқимондаи артиш бояд Афғонистонро то 11 сентябр, мӯҳлати таъинкардаи президенти ИМА дар моҳи апрел тарк кунанд.
Тибқи ин гузориш, дар ҳоле, ки Толибон ( фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) дар тӯли ҳафтаи гузашта назорати бисёр ноҳияҳои шимоли Афғонистонро ба даст гирифтанд, коршиносони истихбороти ИМА пешгӯиҳои хушбинонаи қаблии худро таҷдиди назар карданд ва ба имкони суқути ҳукумати Афғонистон дар шаш моҳи пас аз хуруҷи нерӯҳо ишора карданд.
Рӯзномаи Wall Street Journal таъкид кард, ки пешгӯии нави коршиносони Амрико ба таҳлили низомиёни ИМА мувофиқат мекунад ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон бояд сусттар шавад.
Қаблан Дебора Лайонс, намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Афғонистон, ки шоми сешанбе дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал суханронӣ карда буд, гуфта буд, ки аз аввали моҳи майи соли ҷорӣ то кунун аз 370 ноҳияи ин кишвар беш аз 50 ноҳия ба дасти Толибон афтодааст. Аксари ин ноҳияҳо дар чор гӯшаи марказҳои вилоят ҷойгиранд.
"Оғози амалиёти шадиди низомӣ аз ҷониби Толибон идомаву афзоиш ёфта, хушунат дар кишвар идома меёбад" - гуфт ӯ. "Аммо ҳаргуна кӯшиши бо роҳи зӯрӣ дар Кобул ба вуҷуд овардани ҳукумат бар хилофи манфиатҳои ҳама хоҳад буд."
Ба гуфтаи вай, афзоиши ҳамлаҳои Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) дар Афғонистон метавонад дастовардҳои ду даҳсолаи охирро аз байн барад.