Шабистарӣ: равобити Тоҷикистону Эрон дар даврони Раисӣ беш аз пеш тақвият меёбанд

Аввалин сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, равобити ду кишвар дар даврони раёсатҷумҳурии Саидиброҳим Раисӣ беш аз гузашта тақвият мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, мардуми Тоҷикистон ва Эрон иштироки таърихӣ ва фарҳангии бисёре доранд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Оқои Алиашраф афзуд, бояд бо иҷрои барномаҳои фарҳангӣ равобити мардумии ду кишварро бештар аз гузашта тавсеъа бидиҳем.
Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон гуфт, мардуми Тоҷикистон хостори тавсеъаи равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ҳастанд.
Расонаҳои Эрон: Иброҳим Раисӣ дар кишвар "асри нав" -ро оғоз мекунад
Ёдрас мешавем, ки Эрон дар Тоҷикистон ду тарҳи бузург -- нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" –ро амалӣ кардааст.
Пас аз робитаҳои сарди чанд сол пеш, айни замон ду тараф ба ҳам наздик мешаванд.
Дар моҳҳои охир вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон боздид карданд. Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуданд.
Соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 57,7 миллион долларро ташкил дод, ки дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад.
Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 миллион доллар ва воридот 48,4 миллион доллар рост меояд.