Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Ораш Алоӣ ба намояндагони Марказҳои саломатии пойтахт роҳи халосӣ аз коронавирусро гуфт

Доктори эронӣ риоя намудани тавсияҳои мутахассисони тибро зарур номида, изҳор дошт, ки танҳо дар якҷоягӣ метавон бар ин вабо пирӯз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон роҳҳои халосӣ аз маризии коронавирусро меҷӯяд.
Ба ин мақсад дар шаҳри Душанбе вохӯрии Директори Институти саломатии Амрико, доктор Ораш Алоӣ бо намояндагони Марказҳои саломатӣ доир гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, вохӯрии намояндагони вазорат бо пизишки эронӣ дар Муассисаи давлатии "маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" сурат гирифт.
Мудири муассисаи мазкур Парвина Мухторова далели дигарбора авҷ гирифтани коронавирусро дар Тоҷикистон ба беаҳамиятии шаҳрвандон рабт дод. Аз ин рӯ, ӯ қайд намуд, ки миёни мардум ҳар чӣ бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шавад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Кори фурудгоҳи Душанбе бо авҷи дигарбораи коронавирус чӣ гуна сурат мегирад
Зимнан, доктор Ораш Алоӣ ба намояндагони марказҳои беҳдоштӣ таъкид намуд, ки тавсияҳои мутахассисонро нодида нагиранд ва саъй намоянд ҳар чӣ бештар аз рӯи онҳо амал кунад.
Ӯ мегӯяд, пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд ҳатмӣ гардад. Ба боварии ин пизишки эронии муқими Амрико, танҳо дар якҷоягӣ метавон аз сирояти дилхоҳ маризӣ пешгирӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21 июн Ситоди фаврӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз хуруҷи дубораи ин беморӣ дар Тоҷикистон хабар дод.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Эълони теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон
Ба иттилои Вазорати беҳдошт, то рӯзи 22 июн дар ҷумҳурӣ дасти кам 32 ҳолати сироят шудани мардум ба вируси COVID - 19 сабт гардид.
"Рӯзи 21 июн - 17 ҳолат ва рӯзи 22 июн - 15 мавриди нави беморшавӣ ба қайд гирифта шуд", - таъкид мешавад дар хабари вазорт.
Бо вуҷуди авҷи ин беморӣ дар кишвар ҳоло чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳамчунин маросимҳои хурсандию азодориро манъ ва ё маҳдуд накардаанд.