Ҷавони 20 - солаи тоҷик дар Петербург ғарқи об шуд

Ҷавон барои наҷот ёфтан аз гармои шадид оббозӣ рафт, вале ҷонашро аз даст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург ғарқи об шуд, хабар медиҳад "Фонтанка" бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Ба иттилои манбаъ, ҷавон ҳамагӣ 20 сол дошт ва ҳамроҳ бо дӯстони худ барои наҷот ёфтан аз гармои шадид ба оббозӣ рафт, вале ғарқи об шуд.
Феълан маълум нест, ки тоҷикистонӣ аз беэҳтиётӣ, таъсири нури офтоб ва ё ягон сабаби дигар ғарқ шуд.
Фоҷиа ва қаҳрамонии як ноболиғи тоҷик: модарро наҷот доду духтарча ғарқ шуд
Манбаъ маконеро, ки он ҷо шаҳрванди Тоҷикистон ғарқ шуд, Боғи 300 - солагӣ унвон кард.
Гуфта мешавад, танҳо давоми як рӯз дар шаҳри Санкт - Петербург се нафар бар асари ғарқшавӣ ҷон бохтанд. Ҳамчунин ду каси дигар бар асари оббозӣ шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Рекорд: Маскавро гармои тоқатфарсо фаро гирифт
Маврид ба зикр аст, ки дамои ҳаво дар Русия ба таври бесобиқа тафсон шудааст.
Дар шаҳри Санкт - Петербург чунин гармои шадид охирон бор соли 1917 ба қайд гирифта шудааст.