ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Ӯзбекистон таъкид доштааст, ки комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бо назардошти шиддати вазъияти эпидемиологӣ дар ин кишвар тасмим гирифт, ки равуои шаҳрвандонро тариқи марзи Ӯзбекистону Афғонистон мувақаттан манъ кунад.
Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки додани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони Афғонистон ва қабули дархости пешниҳоди раводидҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ қатъ карда шуд.
Ба воситаи постгоҳи сарҳадии "Термез-автодорожний" ба равуои категорияҳои зерини шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт иҷоза дода мешавад:
ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва аъзои оилаи онҳо;
ба ронандагоне, ки ба боркашонии байнулмилалӣ машғуланд;
ба шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Афғонистон, ки ба Ватан бармегарданд.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар онҳо натиҷаи мусбати сирояти коронавирус ошкор мешавад, барои муолиҷа ба дармонгоҳҳои махсус фиристода мешаванд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар онҳо натиҷаи мусбати сирояти коронавирус ошкор мешавад, ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода намешаванд.