ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир тамоми ташхисҳои мусбат аз сӯи мутахассисони вазорат таҳти омӯзиш қарор дода шудаанд, то санаду шавоҳид барои муайян кардани навъи “вируси корона” ҷамъоварӣ шавад.
“Қаблан мо чанд намунаро бо мусоидати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба озмоишгоҳҳои Маскаву Русия барои таҳқиқ фиристода будем, то сифати онҳо маълум гардад. Ҳоло расмиёти намунаҳо ва хулосаҳои ибтидоиро омода карда, ҷиҳати маълум кардани штамм ё навъи COVID-19 ба озмоишгоҳҳои хориҷӣ мефиристем, зеро технологияи он дар кишвари мо мавҷуд нест”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Дирӯз, 21 июн, Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо “вируси корона” – и Тоҷикистон аз ошкор шудани аввалин мавориди гирифторӣ ба COVID-19 дар кишвар иттилоъ дод.
Расман аз 31 декабри соли гузашта то ба ҳол ҳеҷ мавриде аз ин маризӣ сабт нашуда буд. Дар ҳамин ҳол, қабл аз эълони расмии мавридҳои гирифторӣ ба “вируси корона” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришҳои расман таъйид ношуда дар бораи хуруҷи дубораи он паҳн шуда буданд.
Дар ин гузоришҳо аз бистарӣ шудани афроде суҳбат мешуд, ки аз сафари Ҳиндустону Инглистон ба Тоҷикистон омада буданд.
Ба бовари мутахассисони тибб, ки нахостанд номашонро зикр кунем, дар ҳоли ҳозир бештарин ва хатарноктарин штамҳо “бритониёӣ” ва “ҳиндӣ” шинохта мешаванд ва мавориди гирифторӣ ба онҳо дар Ӯзбекистону Қазоқистон ва Русия, кишварҳое, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзӣ ва равобити бештарро доранд, сабти ном шудаанд.
Онҳо мегӯянд, ба ин далел ки “вируси корона” вобаста ба боду ҳавои кишварҳои ҳузураш сифати худро тағйир медиҳад, эҳтимол дорад, дар Тоҷикистон бо чеҳра ё штамми дигар зоҳир шавад.