ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Олимпиадаи Токио, ки аз 23 июл то 8 август дар назар аст, бо иштироки бевоситаи то 10 ҳазор тамошобин баргузор мегардад, хабар додааст телевизиони "Варзиш".
Манбаъ афзуд, мақомоти Ҷопон истисно намекунанд, ки дар сурати шиддати хуруҷи коронавирус, бозиҳо ҳатто бидуни тамошобин баргузор шаванд. Варзишгоҳҳо набояд аз нисфи иқтидори умумӣ пур карда шаванд.
Манбаъ афзуд, бозиҳоро танҳо шаҳрвандони Ҷопон мустақиман тамошо карда метавонанд, мухлисони хориҷӣ ба Олимпиада роҳ дода намешаванд.
Дар ҳамин ҳол сарвазири Ҷопон, Ёсихидэ Суга гуфта буд, ки агар дар Токио вазъи гирифторӣ ба COVID -19 шиддат гирад, эҳтимол дорад, ки ҳолати фавқулода ҷорӣ карда шаваду Олимпиада бе ҳузури мухлисон гузарад.
Телевизиони "Варзиш" зикр кардааст, ки пеш аз қабули қарор дар бораи мавқуф гузоштани бозиҳои Токио 2020, барои онҳо тақрибан 4,5 миллион чипта ва барои бозиҳои паралимпӣ тақрибан як миллион чипта бештар фурӯхта шуд. Моҳи декабр ташкилкунандагон қисман баргардонидани чиптаҳоро эълон карданд, аммо ҳатто дар ин ҳолат, чиптаҳо нисбат ба ҷойҳои ройгон дар варзишгоҳ хеле зиёдтар фурӯхта мешаванд. Кумитаи тадорукот баргузории лотереяро барои ҳуқуқи боздид аз бозиҳо истисно намекунад.
Президенти КБО Томас Бах гуфт, ки беш аз 80% сокинони деҳаи олимпӣ эм карда мешаванд. Тамоси варзишгарон бо мухлисон манъ карда мешавад.