ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ аз ҷумла иловаҳо ба қонун “Дар бораи нотариати давлатӣ” баррасӣ мешаванд, ки алайҳи пулшӯӣ равона шудааст.
Бар асоси ин тағйирот нотариусҳои Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки аз амалиёти молумулкӣ ба маблағи беш аз 105 ҳазор сомонӣ мақомоти дахлдорро огоҳ кунанд.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии тағйирот дар палатаи поёнии парлумон гуфт, нотариусҳо вазифадор гардиданд, аз амалиёти нотраиалии ба маблағи беш аз 1 ҳазору 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба мақомот хабар диҳанд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз аввали соли равон муодили 60 сомонӣ мебошад.
Инчунин нотариусҳо муваззаф мешаванд, аз амалиёт бо амволи ғайриманқулу коғазҳои қиматнок, ки маблағашон беш аз 12 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, мақомотро огоҳ намоянд. Вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ин иқдом имкон медиҳад, ки бо пулшӯӣ дар кишвар ё худ қонунигардонии маблағе, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст, мубориза бурда шавад.
Ин меъёрҳо баъди тасдиқи Маҷлиси миллӣ, имзои президент ва нашри расмӣ мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.
Дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ нчунин масъалаҳо оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ баррасӣ мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон ахиран аз тағйири ҷойномҳо, ки асосан дар 8 шаҳру навоҳии вилояти Суғд сурат мегиранд, ҷонибдорӣ намуд.
Инчунин аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳо “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, иловаҳо ба қонун “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро баррасӣ мекунанд.