Ваксинзанӣ хатарзо аст? Посухи табиби тоҷик

Табиби тоҷик, мудири шӯъбаи терапевтии дармонгоҳи Маскав шарҳ дод, ки дар кадом ҳолат эмкунӣ аз коронавирус хатарзо мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Абдулло Давлатов табиби тоҷики муқими Маскав ва роҳбари пешини ҷамъияти тоҷикон шарҳ додааст, ки эмкунӣ аз коронавирус кадом оқиабатҳоро барои саломатӣ дошта метавонад ва барои чӣ.
Табиб дар посте, ки дар Фейсбук навиштааст, таъкид кардааст, ки чанд рӯзи ахир аз вай бисёр дар бораи он мепурсанд, ки оё ваксинзанӣ аз коронавирус хатарзо аст.
Ӯ пеш аз ҳама таъкид кардааст, ки сатҳи миёнаи марг аз КОВИД-19 7 дарсадро ташкил медиҳад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон барои хариди ваксина бар зидди корона кумак мекунад
Нисфи нафароне, ки ин бомориро аз сар гузарониданд, ин ё он узви баданашон осеб мебинад, ки он пурра барқарор нахоҳад шуд, афзудааст Давлатов.
"Дар умум қариб нафаре нест, ки бемор шудаву тавонистааст, ки аз SAR S-Co-2 бе ягон оқибат ба организм халос шавад", - гуфтааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, таъсири манфии аз истифодаи ваксини SARS-Co-2 дар умум ҳамагӣ 5-7 дарсадро ташкил медодааст.
"Барои ҳамин, бояд қадй кард, ки ҳар яки мо интихоб дорем - ё зери таҳдиди бузург қарор мегирем ва аз ваксинзанӣ даст мекашем, ё он хатарро то 5-7 дарсад кам мекунем ва ваксин мегирем", - қайд мекунад табиби тоҷик.
Ҳамчунин ӯ шарҳ додааст, ки агар дар пайи ваксинзанӣ таъсири манфӣ ба организм ҳам ба қайд гирифта шуд, он аз ваксин нест.
Бояд дар назар дошт, ки ин таъсирҳои манфӣ - ин маънои бемор шуданро надорад ва онҳо ба саломатӣ хатар надоранд. Агар нафаре баъди ваксинзанӣ бемор ҳам шуд, барои он нест, ваксин ба саломатӣ зарар дорад", - шарҳ медиҳад Абдулло Давлатов

Вай меафзояд, "ин камбудии духтурест, ки махсусиятҳои организм ва беморҳои барангезандаро ба назар нагирифтааст".

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Русия муҳоҷиронро низ аз коронавирус ваксин мекунанд.
Шаҳрдори пойтахти Русия, Сергей Собянин дар блоги худ маълумоти навро дар бораи вазъи афзоиши бемории сирояти коронавирус нашр кард.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Фаъолони ҷамъияти тоҷикону ӯзбекҳои Русия, худдории муҳоҷирон аз эмгузарониро шарҳ доданд
Собянин аз ҷумла тавзеҳ дод, ки оё Маскав муҳоҷирони кориро эм мекунад ё на.Шаҳрдори Маскав ба оғози истеҳсоли ваксинаҳои "Спутник Лайт" таваҷҷуҳ зоҳир кард.
"Ба эҳтимоли зиёд, мо барои истифодаи он барои эмгузаронии муҳоҷирон иҷозат мегирем", - навиштааст Собянин.