Шумори фавт аз вируси корона дар Афғонистон афзоиш ёфт

Барои нахустин бор теъдоди фавтидаҳо аз вируси корона дар шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон ба беш аз сад нафар расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Вазорати беҳдошту дармони Афғонистон эълом кард, ки дар 24 соати гузашта шумори ҷонбохтгони вируси корона дар ин кишвар ба 101 нафар ва мубталоён низ ба 2 ҳазору 313 нафар расидааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон .
Бар асоси ин гузориш бо сабти беш аз сад фавт, бар асари вируси коронаву шиносоии беш аз 2 ҳазору 300 коронаӣ дар шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон рекорди нав дар ин кишвар ба сабт расидааст.
Кремл сабаби авҷи коронавирус дар Русияро шарҳ дод
Вазорати беҳдошту дармони Афғонистон эълом кардааст, мизони ибтило ва фавтиҳои бархоста аз корона то ҳафтаҳои оянда ҳамчунон боло хоҳад буд.
Афғонистон ҳам акнун дар авҷи густариши мавҷи сеюми корона қарор дорад, аммо бо вуҷуди афзоиши маҳдудиятҳои коронаӣ мардуми ин кишвар ҳамчунон ба нукоти беҳдоштӣ камтаваҷҷуҳӣ мекунанд.