Дар Душанбе мағозаи хӯроквориро ғорат карданд

Бо гумони даст доштан дар дуздӣ марде дастгир шудааст, ки пештар айнан бо ҳамин ҷурм суд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Дар Душанбе мағозаи хӯроквории як сокини пойтахтро ғорат карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷиноят охирҳои моҳи май содир шуда, гумонбари он акнун дастгир шудааст.
Ду сокини Норак барои дуздии маҳсулоти хӯрокворӣ боздошт шуданад
Гуфта мешавад, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 31-уми майи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквории марди 32-солаи сокини пойтахт шудааст.

"Аз он ҷо 706 сомонӣ ва маҳсулоти гуногуни хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - менависад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Зарари расонидашуда 4 ҳазору 291 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Сабзии “эронӣ” ҳам кор надод: нарх ҳамоно 10 сомонӣ аст
Ёдрас мешавем, моддаи 244 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (дуздӣ) барои содир кардани ин ҷиноят ҷарима ба андозаи панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.
Барои такроран содир кардани он бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.