Дар шаҳри Душанбе интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон оғоз шуд

Выборы, архивное фото
Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон оғоз шуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ба нақл аз сафорати Эрон дар Душанбе, сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аз соати 8 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон таъкид доштааст, ки тамоми тадбирҳои лозим барои баргузории сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон дар кишвари Тоҷикистон андешида шудааст.
Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото.
Ҳушдори роҳбари олии Эрон ба номзадҳои президентӣ баъди мунозираи аввали интихоботӣ
Бино бар иттилои сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон шаҳрвандони эронӣ метавонанд бо ҳузур дар ду шуъбаи овоздиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Роғун дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунанд.
Ҳамроҳ доштани асли шиноснома ва картаи миллӣ ё асли гузарномаи муътабари эронӣ ҳам барои ширкат дар интихобот зарурӣ аст.