Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад

Пеш аз фармони президент Владимир Путин, 15 июн мӯҳлати охирин барои қонунигардонии муҳоҷирон дар Русия буд. Пас аз қабули санад, хориҷиён барои ин кор се моҳи дигарро доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Мария Науменко. Дар Русия, бинобар пандемияи COVID-19, будубоши муваққатии муҳоҷирон то 30 сентябр тамдид карда шуд. Чунин фармонро президенти Русия Владимир Путин имзо тасвиб кард.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар нимаи моҳи апрели соли равон беш аз як миллион муҳоҷирон аз ИДМ дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ буданд.
Чанд нафар шаҳрвандон тавонистанд будубоши худро қонунӣ кунанд, чаро баъзе муҳоҷирон дар соя монданро авлотар медонанд ва Федератсияи Русия барои кор ва зиндагии хориҷиён чӣ гуна шароити фароҳам меорад - ҳамаи инро дар маводи Sputnik бихонед.

3 моҳ: ҳуҷҷатҳоро ба тартиб овардан

"Қонунӣ шудани ҳамаи муҳоҷирон то 30 сентябр, аз кори сохторҳои махсус вобаста аст. Қаблан муҳоҷирон барои гирифтани ҳуҷҷатҳо дар навбатҳои азим меистоданд. Ба андешаи ман, агар кори хуби ҳамоҳангшуда ташкил карда шавад, се моҳ кофист", - гуфт раиси маркази фарҳангии тоҷикон Хуршеда Ҳамроқулова.
Пеш аз фармони Владимир Путин, 15 июн мӯҳлати охирини қонунигардонии хориҷиён буд.
Дар марказҳои муҳоҷиратии Федератсияи Русия издиҳом ҷамъ шуд. Ҷамъшавии муҳоҷирон барои дарёфти ҳуҷҷатҳо аз моҳи май оғоз ёфт, гуфт Абдусаттор Эсоев, мудири Бюрои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Маскав.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Кор мехоҳӣ - ваксин гир: шарти Русия барои фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмонҳо
Ба гуфтаи вай, шумораи хоҳишмандон барои гирифтани иҷозатнома дар "Сахарово" дар як рӯз ба 41000 - шумораи рекордӣ расида буд. Сабаби ҷамъшавии теъдоди зиёди муҳоҷирон дар он буд, ки сафоратҳо ва ташкилотҳои диаспора бо ҳамватанони худ фаъолона сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро ба тартиб додани ҳуҷҷатҳо даъват мекарданд.
"Бо ҳама ҳаяҷон дар марказҳои муҳоҷират, интизор мерафт, ки на ҳама барои қонунигардонӣ вақт пайдо мекунанд. Тибқи ҳисобҳои тахминии мо, то 15 июн беш аз 500 ҳазор шаҳрвандон тавонистанд мақоми худро қонунӣ кунанд. Аммо мо бояд омори расмиро аз Вазорати корҳои дохилӣ интизор шавем", - қайд мекунад Эсоев.
Ба ақидаи ӯ, чораҳои ҳукумати Русия дар давраи пандемияи COVID-19 нисбати хориҷиён хеле башардӯстона буданд. Дар баҳори соли 2020, президенти Русия Владимир Путин як қатор қонунҳо қабул кард. Дар натиҷа, хориҷиён бидуни тамдиди раводид (дар ҳолати зарурӣ) то 15 июни соли 2021 дар Русия иқомат доштанд.
Дар ин муддат ба корфармоён низ иҷозат дода шуд, ки хориҷиёнро бидуни иҷозатномаи кор қабул кунанд. Мораторий барои ихроҷ аз Русия борҳо тамдид карда шуд.

Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад

Муҳоҷирон мехоҳанд, ки дар Русия қонунӣ кору зиндагӣ кунанд. Хуршеда Ҳамроқулова қайд мекунад, ки онҳоро ҳолатҳои гуногун ба мавқеи ғайриқонунӣ маҷбур мекунанд.
"Баъзе корфармоёни беинсоф муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кор мегиранд, то аз ҳуқуқҳо комилан маҳрум карда шавад. Агар шаҳрванди хориҷӣ қонунан дар Федератсияи Русия бошад, пас ширкат бояд бо ӯ шартнома бандад, андоз пардохт кунад. Аксар вақт ҳамватанони фиребхӯрда ба ман муроҷиат мекунанд. Вақте ки онҳо якчанд моҳ ғайрирасмӣ кор карданд ва дар натиҷа, умуман музде нагирифтанд", - мисол меорад роҳбари Маркази фарҳанги тоҷикон.
Исбот кардани он, ки хориҷиён бидуни бастани шартномаи меҳнатӣ фиреб хӯрдаанд, ниҳоят душвор аст, қайд мекунад вай. Аммо дар бархе аз манотиқи Федератсияи Русия ин масъала ҳалшаванда аст. Масалан, дар Санкт-Петербург ба муҳоҷирон ID-кортҳои электронӣ дода мешавад. Бо ёрии он, онҳо метавонед бо комиссияи кам ба Ватан пул интиқол диҳандд. Пардохти музди "сиёҳ" барои корфармоён бо чунин абзор мушкилтар аст.
Депорт манъ, “афв” то сентябр, тамдид то июн: шарҳи ҷузъиёти фармони нави Путин - видео
Ҷорисозии чунин кортҳои шахсӣ дар саросари Русия ба нақша гирифта шудааст. Онҳо маълумоти шахсӣ, иҷозатномаҳо ва литсензияҳо, маълумот дар бораи корфармо, тарҳҳои андоз, собиқаи корӣ, ҷиноятҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои андозро дар бар мегиранд.
Бо чунин корт, хориҷиён метавонанд бо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси патенти электронӣ кор кунанд ва пас аз пардохти андоз аз даромад дар шакли аванси муқаррарӣ барои шахсони воқеӣ кор кунанд.
Аммо, як категорияи муайяни муҳоҷирон вуҷуд дорад, ки дидаву дониста қонунӣ шудан намехоҳад, мегӯяд Есоев.
"Касе пул ҷамъ мекунад, намехоҳад пули патентро пардохт кунад. Онҳо фикр мекунанд, ки ман 5-7 моҳ кор мекунам, ба хона пул мефиристам ва бармегардам. Ҳастанд, нафароне, ки фармоишҳои шахсиро иҷро мекунанд, дар котеҷҳо зиндагӣ мекунанд ва намехоҳанд ба куҷое раванд", - мегӯяд директори Бюрои Созмони Байналмилалӣ оид ба муҳоҷират дар Маскав.
Арзиши патент барои муҳоҷирон дар пойтахти Русия 5341 рубл, дар вилояти Маскав - 5092 рубл, дар вилояти Воронеж - 4943 рубл, дар Иркутск - 5605 рублро ташкил медиҳад.
Ҳамроқулова қайд мекунад, Русия манфиатдор аст, ки шумораи ҳарчӣ бештари муҳоҷирон қонунӣ карда шаванд, аз ин рӯ дар Федератсияи Русия ба онҳо чунин шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
"Ба ман ширкатҳои гуногуни соҳаи сохтмон, хизматрасонӣ, хадамоти хаткашон бо дархости фиристодани коргарон муроҷиат мекунанд, зеро коргарон намерасанд", - мегӯяд вай.
Ҳушдори Хадамоти муҳоҷират: то 30 июн ҳузури худро дар Русия ба расмият дароред
Агар пеш аз пандемия дар Русия, бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, тақрибан 11 миллион муҳоҷир буданд, пас дар охири соли 2020 шумораи онҳо ба 6 миллион нафар коҳиш ёфт. Баҳори соли равон котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки дар бахшҳои сохтмон ва кишоварзӣ муҳоҷирон намерасанд.

Шароит барои муҳоҷирон беҳтар хоҳад шуд

Дар Русия то соли 2025 қонунгузории муҳоҷиратро комилан ислоҳ мекунанд. Қонуни федералӣ, ки Вазорати корҳои дохилӣ таҳия дорад, муносибати навро ба андозбандӣ, гирифтани патент, ҳаҷми даромад ва бақайдгирии онҳое, ки барои кор ба Русия меоянд, пешбинӣ мекунад.
Тағйирот барои аз байн бурдани схемаҳои сиёҳ барои шуғли хориҷиён пешбинӣ шудааст. Гузориш дар бораи ҳамаи муҳоҷирон дар пойгоҳи ягона ворид карда мешаванд. Ғайр аз он, музди меҳнати коргари хориҷӣ ба сатҳи музди миёнаи меҳнат дар минтақаи мушаххас барои ин категорияи коргарон баробар хоҳад буд.
Абдусаттор Эсоев инчунин интизор аст, ки бо ҷорӣ шудани қонуни нав, шаҳрвандоне, ки якчанд қонунвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, масалан, сари вақт патентро пардохт накардаанд, дигар ба мақоми ғайриқонунӣ дучор нахоҳанд шуд.
"Ҳоло, шаҳрвандоне, ки дар тӯли ду сол се қонунвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, бояд хориҷ карда шаванд ва вуруд манъ карда шавад. Масалан, се ҷарима барои баланд бардоштани суръат ва вуруди шахс ба Федератсияи Русия ба муддати се сол манъ аст", - шарҳ медиҳад Эсоев.
Лоиҳаи қонуни нави федералӣ дар бораи муҳоҷирон ба Вазорати корҳои дохилӣ барои баррасии ҳукумат дар охири соли 2021 пешниҳод карда мешавад.