ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тибқи иттилои БМТ арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1568 сомонӣ нишон дода шудааст. Қурби миёнаи фурӯши рубл бошад, ки дирӯз то 0.1580 сомонӣ буд, имрӯз аз 0.1568 то 0.1590 сомонӣ нарх дорад.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, қурби ин асъор низ каме поин рафта, 1 доллар 11,3195 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз низ каме поин рафтааст.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро муодили 13.7124 сомонӣ аст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13,7255 сомонӣ буд.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3100 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.7124 то 13.8800 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.