Дар Ӯзбекистон намояндаи ҳокимият "флешка" - и дастгоҳи сабти журналистро фурӯ бурд

Рӯзноманигорон барои сабт намудани ҳодисаи сӯхтор дар бозори деҳқони вилояти Самарқанд омаданд, аммо намояндагони ҳокимият ба кори онҳо монеа эҷод мекарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар вилояти Самарқанд як ҳодисаи ғайриоддӣ рух дод. Корманди хадамоти матбуоти ҳукумати ноҳияи Иштихон ба кори наворбардорони шабакаи телевизиони маҳаллӣ халал расонд. Аммо хабарнигор кори худро идома медод.
Дар натиҷа намояндаи хадамоти иттилоотӣ бо як ҳаракати тез корти хотира (флешка) - и дастгоҳи сабтро бароварда онро зуд ба даҳон андохту фурӯ бурд.
Хокистар ва муҳиммоти ҷангӣ: рӯзноманигори тоҷик пайомади низоъ дар марзро нишон дод
Ин ҳодисаи аҷибро роҳбари Шӯрои парасторони Фонди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди васоити ахбори оммаи миллӣ Комил Алламҷонов шарҳ дод.
Вай қайд кард, ки чунин кормандон бояд аз ташхиси равоншинос гузаранд ва алайҳи бемории девонагӣ эм карда шаванд.

"Хеле ҷолиб аст, ки барои корманди як муассисаи давлатӣ, ки флешкаи операторро хӯрдааст, тибқи қонун чӣ ҷазо муқаррар шудааст? Эҳтимол ин аст садоқати саг назди пешвояш. Чӣ қадаре ки инсон бештар зиндагӣ кунад, ҳамон қадар чизҳои зиёди аҷибро мебинад", - шарҳ додааст Алламҷонов.

Баъдтар, хадамоти матбуоти минтақаи Иштихон ба ин ҳодиса вокуниш нишон дод
"Дар маҷмӯъ, як нофаҳмие сар задааст", - гуфт роҳбари хадамоти матбуоти ҳокимият.
Ҳамзамон, шӯъба итминон дод, ки вазъияти рух дода ҳатман тафтиш мешавад.