ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Созмони ҳамкориҳои Шанхай 20 сол қабл дар моҳи июн таъсис ёфта буд. Имсол онро Тоҷикистон раисӣ мекунад. Ба ин муносибат президенти кишвар Эмомалӣ Рамҳон бо хабаргузории давлатии АМИТ "Ховар" мусоҳиба кардааст.
Дар суҳбат президент аз таърихи таъсиси созмон, ҳадаф ва вазифаҳои он ва имкониятҳои СҲШ гуфтааст.
Чӣ гуна "панҷгона" ба як созмони бузург табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шудааст, ки ҳанӯз соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин нахустин мулоқоти сарони панҷ давлат — Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд, ки зимни он Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи марзӣ ба имзо расид.
"Баъдан, 14-15 июни соли 2001 дар Шанхай дар саммити сарони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсиси аллакай як сохтори бисёрҷонибаи шаш давлат — Созмони ҳамкории Шанхай эълон карда шуд", - таъкид кард президент.
Соли 2005 ба Ҳиндустон ва Покистон мақоми нозир дода шуд ва пас аз дувоздаҳ сол онҳо узви комилҳуқуқи ин Созмон шуданд.
Сипас Муғулистон, Белорус, Афғонистон ва Эрон низ мақоми нозир, Арманистон, Озарбойҷон, Туркия, Камбоҷа, Непал ва Шри-Ланка мақоми шарики муколамаро гирифтанд.
Инчунин беш аз даҳ давлат барои ширкат дар СҲШ ба ҳайси нозир муроҷиат кардаанд, ки дар байни онҳо Украина, Арабистони Саудӣ, Қатар, Исроил ва дигар давлатҳо ҳастанд.
"Қаламрави СҲШ, бо шумули давлатҳои нозир, аз Уқёнуси Атлантика то Уқёнуси Ором ва аз Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ то Уқёнуси Ҳиндро, ки беш аз 60 фоизи қитъаи Авруосиёро дарбар мегирад ва дар ин қаламрав, ки беш аз 34 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад, зиёда аз 3 миллиард нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ин тақрибан нисфи аҳолии кураи Замин аст", - таъкид кардааст президенти Тоҷикистон.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, СҲШ - иштирокчии бонуфуз ва масъули низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
Он дар таъмини сулҳ ва амният, ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ танҳо бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо, даст кашидан аз истифодаи неру ё таҳдиди истифодаи он саҳми худро мегузорад.
СҲШ ба Тоҷикистон чӣ дод?
Президент дар посух ба суоли "ин иттиҳод чӣ самар дод", гуфтааст, "барои Тоҷикистон, чун дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, бо пайдоиши СҲШ шароит барои рушди босубот ва устувор беҳбуд ёфт".
"Ҳоло шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳз кишварҳои узви СҲШ мебошанд: Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон. Инчунин Сохтори минтақавии зиддитеррористии /СМЗТ/ СҲШ таъсис дода шуд, ки дар амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саҳми воқеӣ гузошт", - таъкид кардааст президенти Тоҷикистон.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон, бо таъкид дар мавриди пойомадҳои пандемияи коронавирус афзудааст, "ин чолишҳо моро ба андешидани чораҳои зарурии таъхирнопазир ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак ба онҳо водор месозад. Мутаносибан, дар фазои СҲШ ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ниҳоят муҳим мебошад".
Дар зимн, президент гуфтааст, ки ҳамчун Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар соли 2021 ба масъалаҳои интиқоли бемамонияти молҳои таъйиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ дар фазои СҲШ ва ғайра афзалият медиҳад.
Аксарияти чорабиниҳое, ки ба нақшаи мазкур дохил карда шудаанд, дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Ин чорабиниҳо иборат аз мулоқоти роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ, вазоратҳои мудофиа, адлия, молия, тандурустӣ, нақлиёт, котибони шӯроҳои амният, роҳбарони мақомоти мубориза бо маводи мухаддир, туризм, инчунин консерти бошукӯҳ, фестивалҳо ва форумҳо бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ мебошанд.