Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Маскав ваксинзании 60 дар сади коргарон аз коронавирус ҳатмӣ шуд

Ваксинзанӣ аз коронавирус метавонад барои москавиҳо ҳатмӣ шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Сардухтури санитарии Маскав дастур дод, ки 60% коргарони пойтахти Русия эм карда шаванд. Санади дахлдор дар торномаи Роспотребнадзор нашр шудааст.
Ҳамин тавр, пеш аз ҳама кормандони соҳаи хидматрасонӣ бояд ҳатман алайҳи коронавирус эм гиранд. Ба он кормандони нуқтаҳои савдо, кошонаи ҳусн, фитнес клубҳо, тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо, кормандони соҳаҳои нақлиёт ва фарҳанг, маориф ва тандурустӣ дохил мешаванд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Нархи эмкунӣ дар Русия маълум гашт: арзиши ваксина “Спутник V” эълон шуд
Ғайр аз он, хизматчиёни давлатӣ низ бояд аз COVID-19 эм карда шаванд. Тибқи фармон, кормандони манотиқи дар боло зикршуда бояд то 15 август ҷузъи дуюми ваксина гиранд.
Ин чораҳо бинобар бад шудани вазъи коронавирус дар Маскав андешида шуданд. Дар пойтахт аз аввали моҳи июн афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ ба назар мерасад.
Кор мехоҳӣ - ваксин гир: шарти Русия барои фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмонҳо
Қаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин тибқи фармон аз ташкили системаи иттилоотӣ барои назорати раванди ба даст овардани меъёрҳои зарурии эмкунӣ хабар дода буд.
"То он даме ваксинзанӣ кори шахсии ҳар кас аст, ки дар хона мешинад. Аммо вақте ба ҷойҳои ҷамъиятӣ баромад ва бо дигарон дар тамос шуд, хоста ва ё нохоста вориди раванди эпидемиологӣ мешавад", -таъкид кард Собянин.