Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фаъолони ҷамъияти тоҷикону ӯзбекҳои Русия, худдории муҳоҷирон аз эмгузарониро шарҳ доданд

Фаъолони ҷамъиятии тоҷикону ӯзбекҳои Русия дар як мусоҳиба бо рӯзноманигорон шарҳ доданд, ки чаро муҳоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон ч барои эмшавӣ бар зидди вируси корона майл надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ талош надоранд, ки дастаҷамъона бар зидди коронавирус ваксина бигиранд. Дар ин бора Фаъолони ҷамъиятии тоҷикону ӯзбекҳои Русия дар мусоҳиба бо РИА ФАН таъкид доштанд.
“Раванди ваксиназании ҳамватанон – чӣ дар дохили ва чӣ дар хориҷ аз кишвар хуб ба роҳ монда нашудааст. Бисёриҳо намехоҳанд, ваксина гиранд. Аммо ман фикр мекунам, ки ҳар як сокини ҷомеаи мо, агар ӯ бо дигарон ба кор меравад ё дар якҷоягӣ ягон кореро анҷом медиҳад, бояд ӯҳдадор бошад ва худро эм кунад”, - гуфт раиси Конгреси умумирусиягии ӯзбекҳо ва ӯзбекистониҳо Иброҳим Ҳайдарбердиев.
Давлатов гуфт, Тоҷикистон метавонад барои хариди "Спутник V" аз Русия қарз пурсад
Дар ҳамин ҳол, мудири шӯъбаи терапевтии яке аз дармонгоҳҳои Маскав, доктори тоҷик ва собиқ роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Маскав Абдулло Давлатов инчунин дар бораи худдорӣ аз эмгузаронӣ алайҳи COVID-19 ва шубҳаи ҳамватанонаш дар бораи ваксина низ гуфт.
“Нигаронӣ вуҷуд дорад: овозаҳо мардумро тарсонда аст. Бояд гуфт, ки на танҳо муҳоҷирон, балки шаҳрвандони Русия низ тарс доранд. Сарфи назар аз он, ки ин қадар шароит фароҳам оварда шудааст, мардум то ҳол омодагии худро барои ваксиназанӣ нишон намедиҳанд”, - қайд кард Абдулло Давлатов.
Вай афзуд, вақте, ки “Sputnik V” нав пайдо шуд, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоии худ хосиятҳои ваксинаро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, нашр кардааст ва аз мадум барои ваксинагирӣ даъват намуд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Нархи эмкунӣ дар Русия маълум гашт: арзиши ваксина “Спутник V” эълон шуд
Абдулло Давлатов дар ин мусоҳибаи худ аз сатҳи хеле баланди дастрасӣ ба ваксина барои ҳамватанони муқими Русия таъкид кард.
Кор мехоҳӣ - ваксин гир: шарти Русия барои фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмонҳо
"Ман намедонам, ки он бо чӣ иртибот дорад: хатари ин беморӣ ё чизи дигар, аммо мавҷудияти ваксина барои ҳамватанони мо дар сатҳи олӣ аст. Ҳар касе мехоҳад, имкон дорад биёяд ва эм карда шавад. Гузашта аз ин, ба ягон муассисаи тиббӣ рафтан шарт нест - ҳатто дар марказҳои савдо ва бозорҳои калон ҳам ваксинагирӣ имкон дорад. Дар ин масъала дигар мушкилоте вуҷуд надорад ”, - илова кард пизишки тоҷик.
Пизишки тоҷик гуфтааст, ки ӯ тақрибан ҳар рӯз шубҳаи ҳамватанонашро дар бораи эмгузаронӣ рафъ мекунад.
“Ман худам табиб ҳастам ва ҳама чизро мефаҳмам. Ва тақрибан ҳар рӯз ба ман занг зада мепурсанд, ки оё ваксинагирӣ кунанд ё на. Ман ба онҳо мегӯям, ки албатта, беҳтар аст ваксина бигиранд. Мо намедонем, ки чӣ гуна ин сироят метавонад худро зоҳир кунад, аз ин рӯ беҳтараш ин корро анҷом диҳед”, - гуфт Давлатов.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар қаламрави ин кишвар беш аз 332 ҳазор муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ӯзбекистон ва 247 ҳазор аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.