Ҳафт варзишгари тоҷик ба Бейрут сафар карданд

Варзишгарони тоҷик миёни намояндагони 30 давлатмаҳорати худро нишон медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Дар Лубнон 24 - умин Қаҳрамонии Осиё баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд, хабар медиҳад Федератсияи таеквондои кишвар.
Ба иттилои манбаъ, қаҳрамонӣ оид ба таеквондо аз 16 то 18 июн дар шаҳри Бейрут сурат хоҳад гирифт. Ҷамъан ин мусобиқа варзишгарони 186 кишвар аз давлатро гири ҳам меорад.
Дар пойтахти ҶТ қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо баргузор гардид
Манбаъ меафзояд, аз Тоҷикистон Шоҳрух Баротов, Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов, Хуррам Меҳтаршоев ва Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов сафарбар гардиданд.
Илова бар ин, миёни бонувон, Тоҷикистонро Муниса Ойматова, Муниса Исматова ва Моҳру Ҳалимова намояндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, варзишгарони тоҷикро Исломиддин Фозилов ва Шамсулло Қодиров ҳамроҳӣ мекунанд.